Deutsch Русский Tadjik
Тамос: +992 37) 227 4002

Асосӣ

Баҳои имтиҳонҳо дар ин ҷо

Маркази мо ягона марказест

дар Тоҷикистон, ки бо институти

Гётеи Олмон ҳамкорӣ дорад.

Мехоҳед забони олмонӣ омӯзед? – Ин осон аст!

Шумо ба забони олмонӣ ва Олмон шавқ доред? Шумо мехоҳед шавковар ва дар сатҳи баланд забони олмонии муосирро аз худ намоед ва ин имкониятро пайдо кардан мехоҳед? Шумо бояд сатҳи сифати забони олмонии худро беҳтар намоед, ё ин ки мехоҳед барои шаҳодатномаи  байналмилалӣ  шинохташуда имтиҳон супоред?

Пас Шумо бояд ба мо, ба Маркази забони олмонӣ муроҷиат намоед.

Омӯзиши забони олмонӣ дар маркази мо ба  стандарти ҷахонӣ мувофиқат менамояд

Мо бо Гёте-Институти Тошкент ҳамкорӣ дорем ва аз соли 2013 дорандаи аккредитатсияи Гёте-Институти Мюнхен ҳастем. Ин маънои онро дорад, ки сифати кори мо ва инчунин тахассуси омӯзгорони мо пурра ба стандарти ҷахонӣ дар соҳаи таълими забони олмонӣ ва стандарти (GER) ҷавобгӯ аст. Омӯзгорони маркази мо мунтазам  курсҳои такмили ихтисосро дар доҳил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Олмон бо дастгтрии Гёте-Институт мегузаранд.

Забони олмониро дар маркази мо бо тарз ва усули замонавӣ омӯхтан мумкин аст. Дар ҳар як дарс, дар баробари китобҳои дарсӣ, хамаи салоҳиятҳо (гуфтугӯ, шунавоӣ, навиштан ва хондан) такмил дода мешаванд. Дарсҳо гуногун ва фаъол (интерактивӣ) гузаронида мешаванд.

Омӯзгорони тахассуси баланддоштаи мо дар дарси худ ҳамеша аз методҳои замонавии инноватсионӣ истифода мебаранд. Дарсҳо дар руҳияи дӯстона гузаронида мешаванд.

Мо на танҳо курсҳои стандартии забонро пешниҳод менамоем

Дар маркази мо Шумо метавонед дар курсҳои гуногун иштирок намоед. Мо хоҳиш ва дархости мизоҷонро ба назар мегирем. Шумо метавонед курс ва соати муайяни дарс интихоб намоед.

Шумо инчунин метавонед мувофиқи хоҳиш ба онлайн-курсҳои махсус  ташриф оред. Агар хоҳед, ки забондониатонро дар соҳаи касбӣ амиқтар намоед, пас мо метавонем барои Шумо онлайн-курсҳои зеринро пешниҳод намоем: Deutsch im Bereich Pflege, Deutsch im Bereich Tourismus, Deutsch im Bereich Medizin.

Забони олмонӣ барои кушодани дунёи нав кӯмак мерасонад

Маркази омӯзиши забони олмонӣ ба таҳсилкунандагони худ дар таҳсил ва кор кӯмаки беандоза мерасонад. Донишҷӯёни маркази мо дорандаи стипендияи  барномаи ДААД мегарданд, дар барномаҳои ба мисли FSJ, BFD, Au-pair, AZUBI иштирок мекунанд, соҳиби  ҷой барои таҳсил дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои Олмон ва инчунин соҳиби ҷои кор мегарданд.

Агар Шумо саволе ба мо ё ин ки нисбати курсҳои мо дошта бошед, пас бо мо дар алоқа бошед.

Мо интизори Шумо ҳастем!!!
Гуруҳи SLZ-и Шумо.

Барои Шумо

Имтиҳонҳои Гёте

Тести Онлайн

Ҷураҳои бехтарин

Курсҳои Онлайн

Moodle SLZ - Lehrer