Дар маркази мо Шумо метавонед дар давоми сол (дар зимистон, баҳор, тобистон, тирамоҳ) курсҳо гузaред.Ба пешниҳоди Шумо мо ҳамаи сатҳои омӯзиши забони олмониро, ки дар давоми 13-15 ҳафта баргузор мегарданд, пешкаш менамоем.
Курси стандарти ба се моҳ мутобиқ буда, фосилаи байни курсҳо 2 ҳафта мебошад (A1.1-B 2.3).
Инчунин мо ба Шумо имконияти гузаштани курсҳои интенсивӣ сатҳи аввал (A1.1-B1.2) пешниҳод менамоем.
Ба Шумо дар вақти ба қайдгирии курсҳо ҷадвали тартиби дарсҳо пешниҳод карда мешавад. Бо Шумо шартномаи хизматрасонии пулаки баста мешавад, ду китоб ва диски даҳлдори таълими дарсӣ, ки аз тарафи нашрияи олмонӣ чоп шудааст пас аз пурра пардохт намудани маблағи курс пешниҳод карда мешавад.