Маркази забони олмонӣ дар Душанбе аз соли 2010 шарики расмии институти Гётеи Тошкент мебошад, ки ҳамчун шарики асосии байналмиллалии институтҳои Гетеи ҷахон ба шумор меравад. Маркази асосии он дар шаҳри Мюнхени Олмон мебошад.
Маркази забони олмонӣ сифати баланди таълимро бо методикаи замонавӣ кафолат медиҳад ва дар омӯзиш танҳо маводҳои таълимии нашриёти Олмон истифода бурда мешаванд, ки онҳо ҳам ба стандарти ҶТ ва инчунин ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ҳастанд.
Вазифаи асосии маркази забони олмонӣ бо сифати баланд ва бо маводҳои замонавӣ омӯзонидани забон ва инчунин фарҳанг ва маданияти Олмон мебошад. Ғайр аз ин марказ барои баланд бардоштани дониши муаллимон курсҳои такмили ихтисосро дар Олмон ва дар дохили кишвар пешниҳод менамояд .
Омӯзгорони маркази мо ҳамасола такмили ихтисосро дар хориҷи кишвар аз ҷумла дар Олмон мегузаранд.
Дар муддати кутоҳ, марказ на танҳо аз тарафи хонандагони дохили кишвар балки берун аз он низ эътирофи худро ёфтааст.
Мо хурсанд аз он ҳастем, ки мо ба Шумо ҳамаи дараҷаҳои забони олмониро аз А1 то С1 пешниҳод карда метавонем. Системаи дарсӣ ва имтиҳонҳо дар маркази мо ба стандарти умумии забондонии Аврупо ҷавобгӯ аст (GER). Аз аввали таҳсил Шумо бо калимаҳои содда бо забони олмонӣ гуфтугӯро оғоз менамоед .
Дар маркази мо ҷамъомадҳо дар мавзуҳои маданият, фарҳанг ва адабиёти Олмон бо забони олмонӣ гузаронида мешаванд.