Забони олмонӣ - ин осон аст!
Шумо ба забони олмонӣ ва Олмон шавқ доред? Шумо мехоҳед шавковар ва дар сатҳи баланд забони олмонии муосирро аз худ намоед ва ин имкониятро пайдо кардан мехоҳед? Шумо бояд сатҳи сифати забони олмонии худро беҳтар намоед, ё ин ки мехоҳед барои шаҳодатномаи байналмилалӣ шинохташуда имтиҳон супоред? Пас Шумо бояд ба мо, ба Маркази забони олмонӣ муроҷиат намоед.
Барои чӣ мо?
Аккредитатсия
Маркази мо дорандаи се аккредитатсияи Гёте-Институт бомуваффақият мебошад.
Маркази имтиҳонӣ
Маркази мо рухсати гузаронидани имтиҳонҳои байналмилалии Гёте-Институт дорад.
Тахассуси баланд
Омӯзгорони мо доимо тахассуси худ дар Гёте-Институтҳои ҷаҳон мебардоранд.
Усулҳои муосир
Усулҳои мо бо стандартҳои GER мувофиқ мебошанд ва Шумо забони олмониро бо завқ меомӯзед.
Сатҳҳо
Курсҳои мо дар Чаҳорчӯбаи умумии аврупоии истинод барои забонҳо асос ёфтаанд.
  • А1
    Ибораҳои шинос ва ҳаррӯза, инчунин ибораҳои оддиро, ки барои иҷрои вазифаҳои мушаххас заруранд, мефаҳмад ва истифода бурда метавонад. Метавонад худро ё дигаронро муаррифӣ намояд, дар бораи ҷои истиқомат, шиносҳо, молу мулк савол диҳад ва инчунин метавонад ба ин гуна саволҳо ҷавоб диҳад. Агар мусоҳиб оҳиста ва равшан сухан гӯяд ва ба кӯмак омода бошад, метавонад дар сӯҳбати оддӣ иштирок кунад.
  • А2
    Ҷумлаҳои алоҳида ва ибораҳои тез-тез пайдошавандаи марбут ба соҳаҳои асосии ҳаётро мефаҳмад (масалан, маълумоти асосӣ дар бораи худ ва аъзои оилаи худ, харидҳо, кор, муҳити наздик ва ғ.) Метавонад вазифаҳои марбут ба мубодилаи оддии иттилоот оид ба мавзӯъҳои маишиву ҳаррӯзаро иҷро намояд. Бо истифода аз ибораҳои содда, метавонад дар бораи худ ва таҳсилаш, хешовандон ва наздиконаш сӯҳбат кунад, инчунин ҷанбаҳои асосии ҳаёти ҳаррӯзаро тавсиф намояд.
  • В1
    Унсурҳои асосии мазмуни матн ва суханронии равшани шифоҳиро дар мавзӯъҳои шинос вобаста ба кор, таҳсил, фароғат ва ғайра дарк мекунад. Дар аксари ҳолатҳое, ки ҳангоми будубош дар кишвари забони омӯхташаванда ба вуҷуд омада, шарҳ дода метавонад. Метавонад паёми мувофиқро дар мавзӯъҳои маълум ё таваҷҷӯҳи махсус эҷод намояд. Таассурот, воқеа, умеду саъю кушишро тасвир карда, фикру ақида ва нақшаҳои минбаъдаи худро баён ва асоснок карда метавонад.
  • В2
    Мазмуни умумии матнҳои мураккаби дорои маънои абстрактӣ ва мушаххас, аз ҷумла мавзӯъ ва баҳсҳои хеле махсусро дарк мекунад. Ба қадри кофӣ зуд ва бидуни омодагии пешакӣ барои муоширати доимӣ бо соҳиби забон бидуни мушкили ҳарду ҷониб ҳарф мезанад. Метавонад дар мавзӯъҳои гуногун паёмҳои дақиқ ва муфассал ва нуқтаи назари худро оид ба масъалаи асосӣ баён намуда, бартарӣ ва норасоии андешаҳои гуногунро нишон диҳад.
Ҳаёти мо
Омӯзгорони мо
Омӯзгорони мо дорои маълумоти педагогӣ ва забоншиносӣ буда, инчунин дар Гёте-Институтҳои ҷаҳон мунтазам курсҳо ва тренингҳои такмили ихтисос мегузаронанд.
  • Савсан Пирумшоева
    Методист, омӯзгор
  • Парвина Турсунова
    Омӯзгор
  • Фируз Алимов
    Омӯзгор
  • Омӯзгор
    Преподаватель
  • Ирина Довнар
    Омӯзгор
Реҷаи корӣ
  • Маъмурият
    Душанбе-Панҷшанбе
    10:00-16:00
  • Танаффус
    12:00-13:00
  • Китобхона (танҳо барои хонандагони мо)
    Душанбе-Панҷшанбе
    10:00-15:00
Шарикҳои мо