Дар Маркази мо шумо забони олмониро мувофиқи Стандартҳои умумии аврупоӣ оид ба донистани забон, ки дар Аврупо қабул шудааст, меомӯзед.
А 1 – Ибораҳои шинос ва ҳаррӯза, инчунин ибораҳои оддиро, ки барои иҷрои вазифаҳои мушаххас заруранд, мефаҳмад ва истифода бурда метавонад. Метавонад худро ё дигаронро муаррифӣ намояд, дар бораи ҷои истиқомат, шиносҳо, молу мулк савол диҳад ва инчунин метавонад ба ин гуна саволҳо ҷавоб диҳад. Агар мусоҳиб оҳиста ва равшан сухан гӯяд ва ба кӯмак омода бошад, метавонад дар сӯҳбати оддӣ иштирок кунад.
А 2 – Ҷумлаҳои алоҳида ва ибораҳои тез-тез пайдошавандаи марбут ба соҳаҳои асосии ҳаётро мефаҳмад (масалан, маълумоти асосӣ дар бораи худ ва аъзои оилаи худ, харидҳо, кор, муҳити наздик ва ғ.) Метавонад вазифаҳои марбут ба мубодилаи оддии иттилоот оид ба мавзӯъҳои маишиву ҳаррӯзаро иҷро намояд. Бо истифода аз ибораҳои содда, метавонад дар бораи худ ва таҳсилаш, хешовандон ва наздиконаш сӯҳбат кунад, инчунин ҷанбаҳои асосии ҳаёти ҳаррӯзаро тавсиф намояд.
В 1 – Унсурҳои асосии мазмуни матн ва суханронии равшани шифоҳиро дар мавзӯъҳои шинос вобаста ба кор, таҳсил, фароғат ва ғайра дарк мекунад. Дар аксари ҳолатҳое, ки ҳангоми будубош дар кишвари забони омӯхташаванда ба вуҷуд омада, шарҳ дода метавонад. Метавонад паёми мувофиқро дар мавзӯъҳои маълум ё таваҷҷӯҳи махсус эҷод намояд. Таассурот, воқеа, умеду саъю кушишро тасвир карда, фикру ақида ва нақшаҳои минбаъдаи худро баён ва асоснок карда метавонад.
В 2 – Мазмуни умумии матнҳои мураккаби дорои маънои абстрактӣ ва мушаххас, аз ҷумла мавзӯъ ва баҳсҳои хеле махсусро дарк мекунад. Ба қадри кофӣ зуд ва бидуни омодагии пешакӣ барои муоширати доимӣ бо соҳиби забон бидуни мушкили ҳарду ҷониб ҳарф мезанад. Метавонад дар мавзӯъҳои гуногун паёмҳои дақиқ ва муфассал ва нуқтаи назари худро оид ба масъалаи асосӣ баён намуда, бартарӣ ва норасоии андешаҳои гуногунро нишон диҳад.
С 1 – Матнҳои ҳаҷмдору мураккабро дар мавзӯъҳои гуногун мефаҳмад ва маънои ниҳониро дарк мекунад. Бе тайёрӣ бо суръати тез, бе душворӣ дар ёфтани калимаю ифода сухан меронад. Забонро дар таҳсил, фаъолияти илмӣ ва касбӣ уҳдабароёна ва самаранок истифода мебарад. Метавонад дар мавзӯъҳои мураккаб паёмҳои дақиқ, муфассал ва сохторбандишуда эҷод кунад, ки маҳорати намунаҳои ташкили матн, воситаҳои муошират ва ҳамгироии унсурҳои матнро нишон диҳад.
С 2 – Қариб ҳама паёмҳои шифоҳӣ ё хаттиро мефаҳмад. Метавонад дар асоси якчанд сарчашмаҳои шифоҳӣ ва хаттӣ, аз ҷумла асосноккунӣ ва шарҳи мавзӯъ матни ҳамоҳанг созад. Беихтиёр бо суръати баланд ва дақиқии баланд сухан меронад, ҳатто дар вазъияти душвортарин нозукиҳои маъноро таъкид мекунад.
Шумо метавонед маълумоти муфассалро дар бораи GER (Стандартҳои умумии аврупоӣ оид ба донистани забон) бо забонҳои аслӣ (олмонӣ ва англисӣ) гиред.