БАҚАЙДГИРӢ ВА ШАРТНОМА
Дар боби бақайдгирӣ, мо бо Шумо шартнома мебандем. Дар сомонаи зерин Шумо метавонед бо шартномаи мо шинос шавед Договор Центра
Дар вақти бақайдгирӣ, шумо бояд шиноснома ё нусхаи онро пешниҳод намоед.
БЕ ШИНОСНОМА, БЕ НУСХАИ ШИНОСНОМА ВА БЕ РМА ШАРТНОМА БАСТА НАМЕШАВАД.
МАБЛАҒИ КУРС
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дараҷаи А 1.1 – В 1.2 – 1000,- сомонӣ бо ААИ
Дараҷаи B 2.1 – C 2.2 – 1100,- сомонӣ бо ААИ
Шаҳрвандони хориҷӣ (бо шиносномаи Федератсияи Русия, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)
ва дигар давлатҳои хориҷӣ)
Дараҷаи А 1.1 – C 2.2 – 1500,00 сомонӣ бо ААИ
(маводи таълимӣ: китоби дарсӣ ва корӣ бо фита ва дигар маводҳои иловагӣ ба ин маблағ дохил мешавад)
Маблағи курсҳо танҳо бо пули миллии ҶТ қабул карда мешавад.
НАМУДИ КУРСҲО
Курсҳои стандартӣ (одатан дар баҳор ва тирамоҳ) миқдори соатҳои дарсӣ аз 78-90 соат-ро ташкил медихад (вобаста ба дараҷа) забони олмонӣ дар муддати 3 моҳ омӯхта мешавад. Дар як ҳафта 2 маротиба бо 3 соати академӣ (2 соат) дарс гузаронида мешавад. Рӯз ва соати дарсро худи Шумо интихоб карда метавонед. Дарсҳои мо аз 15:00 то 17:15 ва аз 18:00 то 20:15 баргузор мегарданд.
Курсҳои суперинтенсивии тобистона (дар моҳҳои июл ва август) аз 78 соат дарс иборат мебошанд ва дар муддати 3,5 ҳафта гузаронида мешаванд. Машғулиятҳо ҳар рӯз 5 соати академиро дар бар мегиранд
(бо танаффус). Мо ба Шумо ду намуди вақти дарсиро пешниҳод менамоем: то нисфирӯзӣ ва баъд аз нисфирузӣ. Вақтҳои омӯзишро худи Шумо интихоб карда метавонед (ба ғайр аз дараҷаҳои В 1.1 ва В 1.2.).
Курсҳои интенсивии зимистона (моҳҳои январ ва феврал) аз 78 соат дарс иборат мебошанд ва дар муддати 5 ҳафта гузаронида мешаванд. Машғулиятҳо ҳар рӯз 3 соати академиро дар бар мегиранд. Рӯзҳои истироҳат (шанбе ва якшанбе). Дарсҳои мо аз 15:00 то 17:15 ва аз 18:00 то 20:15 баргузор мегарданд.
Маълумоти иловагӣ дар бораи бақайдгирӣ ва курсҳои мо дар сомонаи зерин